7 миллиону 995 ҳазор сомониро мақомоти молия ошкор кард
Хароҷоти пули буҷа дар 396 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 7 миллиону 995 ҳазор сомониро мақомоти молияи Суғд ошкор кардаанд.
Хароҷоти ғайриқонуниӣ ба андозаи 4 млну 75,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид,- иттилоъ медиҳад Сарраёсати молия.
Камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 1,19 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 88,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 93,6 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд,- иттилоъ медиҳад Sputnik.
«Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1880,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 666,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», — омадааст дар иттилоия.
Зарари молиявии ошкоршуда 3 млну 941,2 ҳазор сомонӣ ё худ 49,3% барқарор шудаст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.
Инчунин зикр гардид, ки зимни таҳлилҳо норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2 млну 915,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шуд.
Сарраёсати молияи Суғд илова намуд, ки 83 маводи аудиторӣ, ба маблағи 7,6 млн сомониро барои баррасӣ ва қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ