7 роҳи пешгирӣ аз зарари компютер

Имрӯзҳо бисёриҳо рӯзи дароз бо компютер кор мекунанд. Зиёд нишастан дар назди компютер ба саломатии инсон зарар дорад. Мо ба шумо роҳҳоеро нишон медиҳем, ки шуморо аз хастагӣ ва беморӣ ҳифз мекунанд.

1. Ҳангоми кор дар компютер, шумо бояд тахтапуштатонро рост нигоҳ доред. Сар, китф ва гардан бояд дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад.

2. Фосиларо риоя кунед! Монитор бояд аз чашматон дуртар бошад. Байни монитор ва чашмони шумо бояд на камтар аз 50 см (масофаи дарозии даст) бошад. Баландии мониторро тавре танзим кунед, ки қисми болоии он дар сатҳи чашм бошад.

3. Мониторро тавре гузоред, ки дурахши тиреза ё рӯшноӣ шуморо ташвиш надиҳад. Агар шароит имкон диҳад, мониторро 10-20 дараҷа ба ақиб тела диҳед. Ин барои чашмони шумо бароҳаттар хоҳад буд.

4. Баландии клавиатура бояд дар сатҳи оринҷҳои шумо бошад. Клавиатураро 10 дараҷа ба ақиб хам кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки дар вақти чоп кардан худро бароҳаттар эҳсос кунед.

5. Ба чашмони худ истироҳат диҳед, тез-тез ба атроф ба ашёҳои дур нигоҳ кунед.

6. Гоҳ-гоҳ аз курсиатон бархезед ва мушакҳои пушт ва дастҳоятонро машқ диҳед.

7. Фаромӯш накунед, ҳатто агар ҷои кори шумо оптималӣ бошад ҳам, ҳангоми муддати тӯлонӣ дар як мавқеъ кор кардан бадан зуд хаста мешавад. Аз ин рӯ, давра ба давра мавқеи монитор, клавиатура ва курсиро тағйир диҳед ва танзим кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *