7 сокин дар идораи пулис фавтид
Ҳафт коргар, ки бинои раёсати корҳои дохилии шаҳри Даштободи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистонро таъмир мекарданд, шаби 19 ноябр аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд.
Ба гуфтаи пайвандон, фавтидаҳо аксарият ҷавон буданд ва шаб дар яке аз утоқҳои раёсати корҳои дохилӣ хоб буданд.
Шоҳидон гуфтанд, ки бинои идораи пулис аз субҳ муҳосира шуда буд. «Ман ин ҷавононро як рӯз пеш дидам, аз 20 то 30 сол умр доштанд», — гуфт як шоҳиди ҳодиса.
«Бачаҳо шаб дастгоҳи газро хомӯш накардаанд. Газ шабона як бор хомӯш шуда, дубора интиқол ёфтааст. Ҷавонон аз бӯи газ заҳролуд шудаанд», — гуфт шоҳиди дигар.
Дар айни ҳол ду тан аз фавтидаҳо шиносоӣ шудаанд. Онҳо сокинони вилояти Самарқанд будаанд. Боқимондаҳо аз вилояти Бахмали вилояти Ҷиззах ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ