7-соли зиндон, ҳукми таҷовузгарони духтарчаи ҳафтсола

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ҳукми ду ноболиғро, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари 7-сола муттаҳам мешуданд, эълон кард. Ин ду ноболиғ, ки бо сабаби хурдии синнусол номашон нашр намешавад, бо қарори додгоҳ ба муҳлати 7 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Як манбаъ рӯзи 30-юми октябр гуфт, ҳукми ноболиғон ҳафтаи гузашта содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва хешовандони маҳкумшудаҳо ҳақ доранд давоми даҳ рӯз аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят кунанд. “Ҳарду ноболиғ дар додгоҳ ба гуноҳашон иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намуданд. Додрас баъзе паҳлӯҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, ба ноболиғон 7 сол ҳукм дод. Ин парванда бар асоси моддаи 139, қисми 4, яъне «Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” таҳқиқ ва муҳокима шуд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ноболиғон С.Р-и 14-сола ва Т.Р.-и 15-сола, сокинони деҳаи Кончии Ҳисор дар таҷовуз ба номуси духтари ҳамсоя гунаҳгор эътироф шуданд. Хонум Гулбаҳор, модари Т.Р.-и 15-сола, ки аз ин ҳодисаи ба сари хонавода омада сахт нороҳат буд, дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтааст аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва тасмим дорад аз руи ин ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят барад. Ин модар танҳо гуфт: “Ман як писар доштам ва ҳоло намедонам чӣ бигӯям”.

Аммо волидони С.Р-и 14-сола, ки волидонаш дар аввал даст доштани фарзанди худро дар ин кор тасдиқ ё рад намекарданд, гуфтанд, тасмими шикоят кардан аз болои ҳукми додгоҳро бо вакили дифои писарашон матраҳ доранд. Ҳарду хонавода ҳам аз сӯҳбат муфассал дар бораи ҳукми фарзандонашон худдорӣ мекунанд. Ҳарду хонавода ҳам чандон доро нестанд ва зиндагияшон аз пули муҳоҷирати падарон пеш меравад.

Хабари таҷовузи духтари ҳафтсола ва хонандаи синфи якуми мактаби рақами 114 дар Ҳисор, аввали моҳи июни соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Тафтиши аввалияи ҳодисаро мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Ҳисор анҷом доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *