7 тонна «тиллои сафед»-ро аз худ карду…
Бинобар иттилои сомонаи ВКД, дирӯз кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Бохтарро бо гумони қаллобӣ – аз худ кардани 7 тонна «тиллои сафед» дастгир карданд.
Гумонбаршуда, 23-юми марти соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ноҳия даромада, аз марди 49-сола 5 ҳазору 180 кило пахтаро ба маблағи 24 ҳазору 780 сомонӣ ва аз марди 34-сола 1 ҳазору 570 кило пахтаи сафеди навъи якумро ба маблағи 9 ҳазору 263 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшонро барнагардонидааст.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ