70 дарсади аҳолии олам ба каронавирус мубтало хоҳанд шуд

Дар сурати сенарияи ғайримувофиқ эҳтимол аст, 66 дарсад (аз се ду ҳиссаи) мардуми сайёра бо вируси COVID-19 сироят шаванд. Дар ин бора рӯзи 13 феврал мушовири Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Айру Лонҷини гуфтааст. Дар ин бора “Спудник” дар такя ба «Известия» хабар медиҳад.

Дар пешгӯии худ коршинос ба маълумоте такя мекунад, ки мувофиқи он ҳар гирифтори вирус дар шароити маъмулӣ ду-се каси дигарро сароят мекунад.

Бино ба гуфти Лонҷинӣ, агар ин нишондодро ду маротиба кам кунем ҳам, сеяки мардуми сайёра сироят хоҳад шуд.

Коршинос қайд мекунад, ки карантин метавонад суръати паҳншавии вирусро кам кунад, вале чунин чораҳо бо таъхир, пас аз паҳншавии вирус дар дигар шаҳрҳои Чин ва берун аз он, андешида шуд.

Рӯзи панҷшанбе, ҳукумати музофоти Ҳубей афзоиши сироятшудагонро ба қайд гирифт. Онҳоеро, ки пештар сиҳат арзёбӣ мекарданд, ҳамакнун сироятёфта эълон намуданд. Афзоиши шумораи беморон бо методи нави ташхис, вобаста аст.

Ҳамин тавр, рӯзи 12 феврал дар бораи 45 ҳазор сироятёфта ва имрӯз бошад дар бораи 64 430 гуфта мешавад.

Шумораи умумии фавтидагон, рӯзи 12 феврал — 1 383 нафар имрӯз бошад ба  6,8 ҳазор гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *