70-солагии Чин: гузашти низомӣ дар Пекин, эътирозҳо дар Ҳонконг
Имрӯз аз таъсиси Ҷумҳурии халқии Чин 70 сол пур шуд. Ин кишвар 1 октябри соли 1949 баъди сари қудрат омадани комунистҳо бо роҳбарии Мао Дзе Дун, ташкил шуд.
Ҳизби комунистӣ дар Чин то кунун сари қудрат аст, аммо ислоҳоти иқтисодие, ки дар охири солҳои 1970 оғоз гардид, боиси пешрафти кишвар ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарб Чинро барои поймолсозии ҳуқуқи инсон, ба вижа ақалиятҳои миллӣ дар Тибет ва минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғур, маҳдудсозии дастарӣ ба иттилоъ, мавҷуд набудани рақобати воқеии сиёсӣ танқид мекунанд.
Дар Пекин ба ифтихори солгарди кишвар гузашти низомӣ барпо шуд. Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар суханрониаш гуфт, ки «ҳеч неруе наметавонад, Чинро ба таҳлука орад ва монеи ҳаракати он шавад». Си Ҷинпин ҳамчунин афзуд, кишвараш сиёсати «мутақобилан судманд»-ро бо ҷаҳон идома медиҳад.
Дар гузашти низомӣ мушакҳои байниқоравии DF-41 ҳам нишон дода шуд, ки иқтидори бурдани кулоҳакҳои ҳастаиро доранд ва метавонанд, аз Чин то ИМА парвоз кунанд. Мушакҳои болдори нав ҳам нишон дода шуд.
Дар гузашти низомӣ наздики 15 ҳазор аскару афсар ширкат кард.
Дар ҳамин ҳол, дар Ҳонконг, ки 20 сол пеш ба ихтиёри Чин дода шуд, рӯзи сешанбе миёни пулис ва эътирозгарон занозании нав рух дод. Дар Ҳонконг чанд моҳи охир сокинон зидди талошҳои маҳдудсозии ҳуқуқи ин минтақаи худмухтор эътироз доранд. Эътирозгарон сангар месозанд, пулис аз гази ашковар истифода мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ