70-солагии Карим Мӯсо – таҳқиқгари зиндагиномаи Ҷумъа Одина
Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии мавлуди журналист, адиб ва публитсисти шинохтаи тоҷик Карим Мӯсо маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур аҳли илму адаб ширкат варзида дар мавриди нақши Карим Мӯсо дар рушди публитсистикаи тоҷик суханронӣ карданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар суханронии хеш зикр кард:
“Карим Мӯсо аз зумраи қаламкашони якрӯи тоҷик аст. То имрӯз аз касе нашунидаам, ки гуфта бошад, ки Карим Мӯсо ба касе тамаллуқ кард ва ё Карим Мӯсо сафедро сиёҳ гуфт.”
Зиннатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бошад, саҳми Карим Мӯсоро дар рушди журналистикаи радиоӣ бориз арзёбӣ кард:
“Солҳои тӯлонӣ Карим Мӯсо мудири редаксияи иқтисод ва ҳаёти деҳоти Радиои Тоҷикистон сармуҳаррир буданд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки мавзуъҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ диққатҷалбкунанда нестанд, вале бо талошҳои Карим Мӯсо барномаҳои ин шуъба рангин ва сершунаванда буданд.”
Дар чорабинии мазкур Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Карим Мӯсо нишони “Сухан”-ро эъто намуд.
Карим Мӯсо 15 апрели соли 1952 дар деҳаи Нигноти ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёнаи №13 зодгоҳаш (1969) дар Кони маъдани Ҷиҷикрӯд кор ва баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ифои вазифа кардааст. Минбаъда дар рӯзномаҳои «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), «Газетаи муаллимон» («Омӯзгор») машғули фаъолияти рӯзноманигорӣ будааст. Солҳои 1982-1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз соли 1985 то январи 2010 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида, мудири шуъба ва ҷонишини сармуҳаррир ифои вазифа намудааст. Солҳо сармуҳарририи ҳафтавори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷаҳони паём»-ро бар уҳда дошт. Нигоштаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ аз соли 1972 ба табъ мерасанд. Дар соҳаи очерку публитсистика таҷрибаи ғанӣ дорад. Симои адибон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва аҳли заҳматро ибратбахшу хотирнишин меофарад. Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Бори нахуст, соли 1999, як идда асарҳояш дар маҷмӯаи дастҷамъии «Чароғи маърифати Нигнот» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи очеркҳояш «Мардафкан» соли 2004, қиссаи ҳуҷҷатияш «Зевар» соли 2006 интишор ёфтаанд. Маҷмӯаи қиссаву очеркҳояш «Айём-ку бигзашт» соли 2010 ба чоп расидааст. Қиссаи мустанади таърихияш «Ҷабри таърих», ки аз рӯзгори нависандаи зиндаёд Ҷумъа Одина ҳикоят мекунад, соли 2013 ба табъ расидааст. Як силсила қиссаю очеркҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Ғазали офтоб» (2005), «Гуфтугӯ бо худ» (2007), «То ҳаст оламе…» (2012), «Бузургбонуи матбуоти тоҷикӣ» (2012) ва «Орифе аз зодгоҳи орифон» (2013) чоп шудаанд. Дар бораи Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Мастон Шералӣ,Раҳмат Назрӣ ва дигар адибони тоҷик мақолаҳо навиштааст, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳо чоп шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ