70 соли пурсамари Коллеҷи тиббии Кӯлоб

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии Кӯлоб” имсол 70-сола мешавад. Ба иттилои директори коллеҷ, доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло, дар ин муддат ин таълимгоҳи касбиро беш аз 70 ҳазор нафар ба итмом расонида, дар самти ҳифзи сиҳатии омма фаъолият мекунанд.

То имрӯз 11 нафар профессорону докторон, 3 нафар номзадҳои илм дар ин даргоҳ тарбия ёфтаанд. Айни замон ба 3500 нафар донишҷӯён 200 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Табибони оянда дар 35 муассисаҳои тандурустӣ таҷрибаю малака меомӯзанд.

Дастовардҳои таълимию тарбиявӣ, фарҳангӣ, варзишӣ дар коллеҷ назаррасанд. Аммо нарасидани таҷҳизоти тиббии муосир, аёният, шароит барои пешбурди корҳои лабораторӣ, камии адабиёти муосир ба рафти касбомӯзии табибони оянда халал ворид мекунад.

Умед мебандем, ки вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифу илм дар ҳалли масъалаҳои болоӣ мусоидат мекунанд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *