Истаравшан: Дар як рӯз 11 иншоот 

5 ноябри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 иншоотҳои гуногун мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншоотҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Махкам Аъзам, муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, судияи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон, роҳбарияти шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон дар ҶДММ “Осоишгоҳи Уротеппа” маҷмааи фароғатӣ — варзишӣ ва майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоотҳо мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадиев И бо харҷи беш аз 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҷамоати деҳоти “Сабристон” бо буридани лентаи рамзӣ аз тарафи меҳмонон 8 синфхонаи иловагӣ барои 240 нафар хонанда ифтитоҳ гардид. Синфхонаҳои иловагӣ аз 2 ошиёна иборат буда, бунёди он тариқи ҳашар аз тарафи соҳибкорони саховадмади деҳа бо харҷи беш аз 800 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Инчунин дар ин рӯз бинои маъмурии ҷамоати деҳоти “Сабристон” баъд аз таъмири капиталӣ бо харҷи 50 ҳазор сомонӣ ифтитоҳ карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҷамоати деҳоти “Сабристон”  зиёда аз 18 ҳазор нафар сокинон зинадагӣ дошта, аҳолии ин маҳал асосан ба кишоварзӣ машғул мебошанд. Дар ин рӯз аз тарафи соҳибкор Зулфиқор Қодиров як чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шуд, ки он барои обёрикунии  зиёда аз 30 га токзор мусоидат менамояд.

Иқдоми наҷиби дигари соҳибкори шаҳр Субҳон Баидев ин бунёди клиникаи замонавӣ барои иштирокчиёни ҶБВ, ақибгоҳ, собиқадорони ҷангу меҳант, ҷанговарони Шӯрои собиқадорони Афғонистон буда, он дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Маблағи лоиҳавии клиникаи мазкур 4 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмони соли ҷорӣ оғоз гардида то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ дар ҳудуди маҳаллаи “Боғот” маркази таълимии “OXFORD” ба истифода дода шуд.

Маркази таълмӣ аз 3 ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар ошиёнаи аввали он қабулгоҳ, синфхонаи забони чинӣ, тайёрӣ ба мактаб, дар ошиёни дуюми он синфхонаи забони англисӣ ва немисӣ ҷойгир буда, дар ошиёнаи сеюм синфхонаи омӯзиши забони русӣ ҷойгир мебошад. Инчунин дар таҳхонаи марказ толори ҳусн ҷойгир мебошад.

Маркази таълимии “OXFORD” аз тарафи соҳибкор Тӯразода Амирбек бо харҷӣ беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он 10 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Бинои маркази саломатии №2 шаҳр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқодми маъмурияти Муассисаи кӯмаки аввалияти тиббӣ- санитарии шаҳру соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Инчунин дар ин рӯз дар ҳудуди хиёбони Исмоили Сомонӣ маркази хизматрасониву савдо аз тарафи соҳибкори мааҳаллӣ Каримов Додо бо харҷи беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ва Чойхонаи миллӣ аз тарафи созибкор Абдуғаффоров Абдузамир мавриди истифода қарор дода шуданд.

Корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо маром идома додад.

Шералӣ Азимӣ

ёвари Раиси шаҳри Истаравшан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *