Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи «Оши палав» баргузор мегардад. Қарор аст, бори аввал дар ин ҷашнвора дар як дег як тонна ош бипазанд.
Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, рӯзи шанбе гуфт, фестивал дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мешавад.
Ба қавли манбаъ, фарқи аслии ҷашни имсола пухтани оши яктонннаӣ мебошад.
Усмонзода гуфт, таҳияи оши яктоннаӣ соати 1-и шаб шуруъ шуда, соати 10 ҷашнвора шуруъ мешавад.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдори Душанбе, дар фестивали мазкур 400 дег ош омода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ