72- соли интизорӣ

Иди Ғалаба! Иди зафар! Ид омад, ман бобоямро табриккунӣ меравам. Бобои ман ҷанговар, бобои ман қаҳрамон,-мегуфт як кӯдак ба ҷӯрааш.

Бобои ман дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардидааст,-мегуфт кӯдаки дигар…

Аммо холаи Зайнаб ҳанӯз ҳам афсӯрдаҳол буд ва ашки хунин аз чашмонаш ҷорӣ мегардид…

72-сол пеш дӯстдоштааш Абдусатторро ба ҷанги бузурги ватанӣ гусел карда буд ва мактубҳои ошиқашро ба даст гирифта, мегирист. Гиряи ӯ фарёд дошт, хотироти дилрешкунанда……..

 Росташро гӯй, ба зудӣ бармегардӣ, охир ман дуриятро таҳаммул карда наметавонам,- мегуфту ашки чашмонашро бо дастрӯймолчаи Абдусаттор тоза мекард, Зайнаби 18 сола…..

Меоям ва агар сарбаландона оташи ҷангро хомӯш намудем, ба наздат бармегардам, ту хавотир мабош,- гуфт Абдусаттор ба дӯстдоштааш…….

Дидори охирини онҳо буд…..

Зайнабҷон ба ту мактуб омадааст, ана бин Абдусаттор ба ту мактуб фиристонидааст,- гуфт дугонааш Меҳрӣ….

…….Абдусаттор дар майдони муҳориба риштаи умраш канда шуд…….. Ба тамоми хешовандонаш сабри ҷамил мехоҳем…….

-Неееееее, не…., охир Абдусаттор ба ман ваъда дода буд, ки бармегардам, охир чӣ хел, бовар намекунам….Абдусатттор намурдаааст…. Ҳей мардум. Абдусаттори ман намурдааст, бовар накунед,…. очаҷон … шумо ҳам бовар намекунед- а?  Ӯ сарбаландона бармегардам, гуфта буд…..

Аммо фарёди ӯро фалаки бемуруват намешунид. Чӣ чора? Абдусаттор аллакай дар ҳаёт набуд… Ӯ дар ҷабҳа қаҳрамонона ҳалок гардид.

Ба ёди қурбониёни ҷанг ва родмардоне, ки сарбаландона ба ватан баргаштанд. Иди ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!!!

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *