Газ чор касро захмӣ кард

4-уми декабри соли 2018, соати 13:25-дақиқа, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи «Хaнкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрванд Фозилов Дониёр Аҳмадхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Яккачинор, хонаи 159 тааллуқ дорад, бар асари ихроҷ аз балони газ таркиш  ба амал омад.

Дар натиҷа, шаҳрвандон:
1. Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4;
2.Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367;
3.Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372;
4.Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.
Тафтишоти пешакӣ оид ба ҳолати рух додани таркиш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Аз натиҷаи он хабар дода хоҳад шуд.

Парвина Гулова

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *