Имрӯз рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи ҳайвонот

10 декабр дар бисёр аз давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи ҳайвонот таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин дар 50-умин солгарди имзои Эъломияи ҳуқуқи инсон соли 1998 Конвенсияи ҳуқуқи ҳайвонот қабул гардид. Ва ин тасодуф нест, зеро созмондиҳандагони ин рӯз мехоҳанд таъкид кунанд, ки тамоми олами зинда барои зиндагӣ ҳуқуқ дорад. Яъне ҳайвоноте, ки зери сарпарастии инсон қарор мегиранд, бояд шиканҷа набинанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои экологӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор саҳми арзанда мегузорад.

Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки мақсади қабули Конвенсия -ҳифз кардани ҳуқуқҳои ҳайвонот мебошад. Зеро имрӯзҳо на дар ҳамаи давлатҳои дунё ҳуқуқҳои ҳайвонот ҳифз карда мешаванд. Дар ҷаҳони муосир ҳайвонотро дар таҷрибаҳои санҷишию клиникӣ васеъ истифода мебаранд.

Масалан, ягон доруе, ки ихтироъ мешавад, аввал ҳамон воя (доза) ба ҳайвоноти озмоишӣ гузаронида мешавад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди гузаронидани ин вояҳо назорат мекунанд, ки дар организми ҳайвонот чӣ гуна тағйирот ба амал меояд, сипас онро ба инсонҳо тавсия медиҳанд. Ба ғайр аз ин, баъзан барои омӯхтани табиати вирус ё микроб таҷрибаҳо аввал дар организми ҳайвонҳо гузаронида мешаванд. Албатта, ин таҷрибаҳо барои рушди илм гузаронида мешаванд, вале бояд онҳо тарзе гузаронида шаванд, ки ҳайвоноти озмоишӣ шиканҷаи зиёд набинанд.

Ба нақли номбурда, дар баъзе мамлакатҳо барои нигоҳ доштани ҳайвоноти озмоишӣ вивария, яъне ҷойи нигоҳдории ҳайвоноти озмоишӣ мавҷуд аст. Нигоҳ доштани ҳайвоноти озмоишӣ ҳам масъулият дорад. Бояд дар виварияҳо шароити хуби санитарӣ риоя шуда, ба ҳайвоноти озмоишӣ ғизои зарурӣ дода шаванд. Аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ, ҳайвоноти озмоишӣ бояд  бе шиканҷа тавассути воситаҳои махсуси мадҳушкунанда нобуд карда шаванд.

Олими тоҷик мегӯяд, ки дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои шиканҷаи ҳайвонот ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, баъзан сокинон ба хирси малла, ки ҳайвони нодир ба шумор меравад, ҳуҷум карда, ӯро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Яъне барои талхадонаш, ки гӯё аҳамияти доруворӣ дорад, ин ҳайвони азимҷуссаро парронда, зери шиканҷа қарор медиҳанд.  Ё  бабри барфӣ, ки яке аз ҳайвонҳои нодир ва зери таҳдиди  маҳвшавӣ қарор дорад, барои дандонаш, ки гӯё аз ҳар гуна қувваҳои бадӣ нигоҳ медорад, зери шиканҷа қарор мегирад

«Имрӯз қариб, ки дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ нохун, дандон, равған ё ягон узви ҳайвонҳо, ба мисли гургу хирс, саг, хуки ёбоӣ ва бабру сағурро ёфтан мумкин аст. Ин ҳолатҳо бояд пешгирӣ карда шаванд.  Чунин ҳолатҳо дар давлатҳои хориҷӣ ҳам ба чашм мерасанд. Масалан, дар давлати Чин дандон ва нохуни бабри барфиро ҳамчун тӯмор истифода мебаранд»,-афзуд А. Саидов.

Дар Тоҷикистони кӯҳсор тибқи маълумот, беш аз 13 ҳазор намуди олами ҳайвонот ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар  минтақаҳои гуногуни табиӣ маскан гирифтаанд. Солҳои охир дар зери фаъолияти инсон, яъне бунёди шаҳрҳо, аз худ кардани заминҳо сохтмонҳои азим, инчунин истифодаи заҳрдоруҳо бар зидди касалиҳои гуногуни зироати кишоварзӣ, риоя накардани меъёри онҳо, нобуд кардани муҳити зисти ҳайвонот, хароб кардани киштзор, ниҳолу буттазор, афзудани усулҳои гуногуни шикор ба камшавии шумораи ҳайвонот оварда расонидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир аҳамияти калон доштани гуногунии биологии кишварамонро хуб баҳогузорӣ намуда, диққати башариятро ба ҳалли мушкилоти экологӣ ҷалб намудаанд.

Ҳамасола аз ҷониби мақомоти дахлдор барои аз мавсими зимистон бе талаф баровардани   ҳайвонҳои ваҳшию биёбонӣ  дар минтақаҳои баландкӯҳ миқдори муайяни хӯрокӣ ҷойгир  карда мешаванд.

Ин тасмим аз тадбирҳои саривақтӣ ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи олами ҳайвоноти кишвар шаҳодат медиҳад.

Бознашри маводи Мавҷуда АНВАРӢ,
аз АМИТ «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *