Палатаи ҳисоб: Кӣ рафту кӣ омад?
Вакилони парлумони Тоҷикистон 3 сараудитор ё сарбозраси Палатаи ҳисоби кишварро аз мақомҳояшон сабукдӯш карданд. Мақомоти Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ки пешниҳоди барканории онҳо аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ворид
Дар сохтори Палатаи ҳисоб сараудитор баъди мақоми раис ва муовини ӯ яке аз вазифаҳои калидӣ ба шумор меояд. Сараудиторҳо панҷ нафар буда, мисли раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.Бино ба овоздиҳии вакилон, ки охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт, Муҳаммадалӣ Самизода, Назаралӣ Файзализода ва Акрам Кӯчакшозода аз мақомҳои худ озод шуданд. Мақомоти расмӣ сабаб ё далели аз вазифа озод кардани онҳоро то ба ҳол шарҳ надодаанд. Аммо як манбаи огоҳ рӯзи 22-юми декабр гуфт, «онҳо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақом озод шуданд».Назаралӣ Файзализодаи 55-сола аз соли 2013 ба ин тараф ба ҳайси сарбозраси Палатаи ҳисоб фаъолият дошт. Вай дар гузашта дар сохторҳои Оҷонсии зиддифасод дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд кор кардааст.Муҳаммадалӣ Самизодаи 59-сола аз соли 2012 ва Акрам Кӯчакшозодаи 55-сола аз соли 2013 бо қарори Маҷлиси Намояндагон саруадитори Палатаи ҳисоб таъйин шуда буданд. Ҳардуи онҳо таҷрибаи кор дар сохторҳои Вазорати молия, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва идораи андозро доранд. Кӯчакшода чанд сол ба ҳайси раиси ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон низ кор кардааст.Дар як овоздиҳии дигар вакилони парлумон Рустам Алиаҳмадиён ва Рамеш Давроншоҳиёнро ба ҳайси сараудиторҳои нави Палатаи ҳисоб таъйин кардаанд.Рустам Алиаҳмадиён аз соли 2013 ба ин тараф дар Оҷонсии зиддифасод ва Палатаи ҳисоб дар мақомҳои мутахассис, мудири бахш ва сардори раёсат кор мекард.Рамеш Давроншоҳиён тӯли тақрибан 20 сол дар сохторҳои Кумитаи гумрук кор карда, аз соли 2015 ба ин тараф сардори яке аз шуъбаҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон буд.Палатаи ҳисоб ниҳоди олии санҷиши молиявӣ дар Тоҷикистон аст, вале ҳаққи мустақилона боз кардани парванда ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афроди муттаҳамро надорад. Ин ниҳод натиҷаи санҷишҳоро барои қазоват ба мақомоти қудратӣ ирсол мекунад. Дар нуҳ моҳи соли гузашта Палатаи ҳисоб барои татфиш ба мақомот беш аз 100 мавод фиристодааст.Палатаи ҳисоб, ки бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон тобистони соли 2011 таъсис ёфтааст, харҷи буҷаи давлати Тоҷикистонро бозрасӣ мекунад ва солона ба президент ва ҳам порлумон дар ин бора гузориш медиҳад.Бино бар қонунгузории кишвар, ҳайати раҳбарӣ ва сарбозрасони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди раиси ҷумҳур ва раъйи мусбати аъзои Маҷлиси Намояндагон ба муҳлати ҳафт сол таъйин шуда, як нафар ҳақ надорад, зиёда аз ду мӯҳлат дар ин ниҳод кор кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ