75 кишвар ва 16 000 бемор. Афзоиши обилаи маймун

Ахиран дар 75 кишвари ҷаҳон беш аз 16 ҳазор ҳолати бемории обилаи маймун ошкор шуда, роҳҳои паҳншавии ин вирус барои мутахассисон комилан рӯшан нест.

Тедрос Адханом Гебрейесус, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хурӯҷи бемории обилаи маймунро як ҳолати изтирории байналмилалӣ эълон кард.

Обилаи маймун як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.

Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варам кардани гиреҳҳои лимфа, хунукхӯрӣ ва бемадорӣ мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон феълан роҳ наёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *