Юлия Тимошенко перзиденти Украина мешавад?
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко ба мақоми президентӣ пешбарӣ мешавад. Ӯ дар ин бора рӯзи 22-юми январ дар анҷумани ҳизби «Баткившина», ки худ раҳбараш аст, хабар дод.
Вакилон номзадии Тимошенкоро якдилона пазируфтанд. Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар анҷуман барои «иштибоҳҳо»-и гузаштааш узр хост ва гуфт, бо Кремл ягон робита надорад. Тимошенко гуфт, ки ноҳияҳои Донбассро, ки аз назорати Украина хориҷ шудаанд, бармегардонад.Дар анҷумани ҳизби «Баткившина» усқуфи Украина Филарет суханронӣ ва аз Перт Порошенко — рақиби Юлия Тимошенко барои санади истиқлолияти Калисои Православии Украина изҳори сипос кард.Аз рӯи назарсанҷиҳо Юлия Тимошенко дар сабқати президентӣ пешсаф аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ