Сардори БДА аз соҳиби”велик” барои надоштани “права” 2000 сомонӣ талаб кард
Сардори Шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Истиқлол Ғаффоров Фирдавс шаҳрванди велосипедронро барои надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ боздошт ва ба маблағи 2000 сомонӣ пора талаб кардааст.
Сардори Шуъбачаи БДА ШВКД дар шаҳри Истиқлол Ғаффоров Фирдавс шаҳрванди велосипедронро барои надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ боздошт ва ба маблағи 2000 сомонӣ пора талаб кардааст.
Ин ҳолат дар ҳисоботи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд чунин омадааст:
-“Ғаффоров Фирдавс Абдусаторович таърихи 04 октябри соли соли 2018 ҳангоми идора намудани дучарха дар роҳи мошингарди шаҳри Истиқлол-н. Б. Ғафуров шаҳрванд Камолов Фахридинро боздошт намуда, бинобар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ дучархаашро ба майдончаи ҷаримавии ШБДА ШВКД дар шаҳри Истиқлол бурда, барои ба ҷавобгарии маъмурӣ накашидани номбурда аз ў рўзҳои 06-08 октябри соли 2018 дар маҷмуъ 2 000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифтааст”.
Айни ҳол бо моддаи 319 қисми “2”-и (гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки дар талаботи ин моддаи чунин омадааст:- “Аз ҷониби шахси мансабдор шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои харакати (беҳаракатии) ғайриконуни, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)
– бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад” (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ