“Ал Ҷазира”: Сари Хошуқҷӣро ба Арабистон бурданд
Шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» дар як гузориши таҳқиқотӣ аз ҷузъиёти нави қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбули Туркия хабар дод.
Шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» дар як гузориши таҳқиқотӣ аз ҷузъиёти нави қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ дар консулгарии он кишвар дар Истанбули Туркия хабар дод. Бар пояи ин гузориши таҳқиқотӣ, ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ дар танӯр ё печкаи хонаи истиқоматии сарконсули Арабистони Саудӣ сӯзонда ва нобуд шудааст.
Ин шабака дар як филми ҳуҷҷатие, ки шаби якшанбе бо номи «Ҷасад куҷост?» нашр шуд, ин эҳтимолро матраҳ кард, ки эҳтимолан сари ҷудошудаи Хошуқҷӣ дар яке аз ҷомадонҳои тиме, ки барои террори ин рӯзноманигор аз Саудӣ ба Туркия омада буд, бо ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ бурда шуд. «Ал-Ҷазира» ин гузоришро аз ҷумла бо такя ба суханони як марди суриягии сокини Туркия, ки дар сохтани танӯр дар иқоматгоҳи консули Арабистони Саудӣ нақш доштааст, мунташир кард.
Ҷамол Хошуқҷӣ, ки муддате дар Амрико зиндагӣ мекард, аммо шаҳрванди ИМА набуд, рӯзи дувуми октябри соли гузашта бо пои худ вориди консулгарии Саудӣ дар Истанбул шуд, то санадҳои расмии Саудиро дар бораи талоқ аз ҳамсари пешинаш барои издивоҷ бо номзади туркии худ Хадиҷа Чингиз дарёфт кунад, аммо дар ҳоле, ки Хадиҷа Чингиз дар берун аз консулгарӣ интизори ӯ буд, ҳаргиз аз онҷо хориҷ нашуд.
Арабистони Саудӣ дар оғоз даст доштан дар ин ҷиноятро рад мекард, аммо 17 рӯз баъд эълон кард, ки Ҷамол Хошуқҷӣ аз сӯи «як тими худсар» ва бар асари «як ҷанҷоли нохоста», ҷони худро аз даст дод. Ҷасади Хошуқҷӣ ҳаргиз ба даст наомад ва сарони Туркия таъкид карданд, ки пайкари ӯ сӯзонида шудааст.
Дар гузориши нави «Ал-Ҷазира» бо такя ба таҳқиқоти гурӯҳи тафтишотии Туркия омадааст, ки танӯри бузург дар ҳавлии Муҳаммад Ал-Утайбӣ, сарконсули Арабистони Саудӣ дар Истанбул, бо қудрати ҳарорати беш аз ҳазор дараҷа, тавони гудохтани оҳан ва пӯлодро низ дорад.
Созандаи ин танӯр, ки чеҳраи ӯ пӯшонда ва садояш пахш шудааст, гуфтааст, ки консул аз ӯ хоста буд, ки танӯре бо хусусиятҳои муайяне барои маҳали расмии истиқоматаш бисозад, ки битавон «гӯсфанди комилро кабоб кард».
Ин коргар гуфтааст, аз ӯ хоста шуд, ки дараҷаи ҳарорати танӯр ва лӯлаҳои гази ба коррафта дар он ду баробари меъёрҳои танӯрҳои маъмулӣ бошад. Ин таҳқиқот нишон додааст, ки ин танӯр се шабонарӯз баъд аз интиқоли пораҳои ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ ба манзили сарконсул, рӯшан будааст.
Ба гузориши «Ал-Ҷазира», дар шаби қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, кормандони консулгарӣ 45 килограм гӯшт аз як ресторанти Истанбул супориш доданд, ки бастаҳои гӯшт низ бо пораҳои бадани Хошуқҷӣ сӯзонида шуд, то асари моҷаро гум шавад.
Гурӯҳи тафтишоти ҷиноии Туркия дар ҳоле ба рӯшан будани танӯр дар тӯли се шабонарӯз ишора кардааст, ки аз соатҳои баъд аз он, ки рӯзноманигор аз консулгарии Арабистони Саудӣ берун наомад, маҳали консулгарӣ ва хонаи консул зери назари дақиқи ниҳодҳои амниятии Туркия буд, аммо чун ин маконҳои дипломатӣ амалан хоки кишвари муқобил ба ҳисоб мерафт, ҳанӯз ба он ворид нашуда буданд.
Таъкиди гузориши «Ал-Ҷазира» бар ин амр, ки ин танӯз моҳҳо қабл аз қатли Хошуҷӣ сохта ва омода шуд, метавонад ин зеҳниятро тақвият кунад, ки кашонидани ин рӯзноманигор ба Истанбул ва қатли ӯ аз муддатҳо пеш барномарезӣ шуда буд.
Дар гузориши шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира» ёдоварӣ шуд, ки раиси Созмони амнияти Арабистони Саудӣ дар як гуфтугӯ тариқи «Skype» бо аъзои дастаи террор ба онҳо гуфта буд, ки сари Хошуқҷиро барояш ба Арабистон бибаранд. Гузоришҳои расонаҳои Туркия мегӯянд, ки мақомоти амниятии Туркия ин навори видеоиро дар ихтиёр доранд.
Арабистони Саудӣ дар ҳоле тими террори фиристодашударо «худсар» номида буд, ки шумораи зиёде аз аъзои ин тим то пеш аз он, ҳалқаҳои наздик ба Муҳаммад бин Салмон, валиаҳд ва писари подшоҳи Арабистони Саудӣ буданд ва дар миёни мушовирон ва муҳофизону ёрони вай ба шумор мерафтанд.
Тиме аз Арабистони Саудӣ, ки аз сӯи Малик Салмон, подшоҳи он кишвар ба Туркия фиристода шуд, ҳамкориҳои ибтидоиро бо ниҳодҳои қонунии Туркия анҷом дод, аммо ин кишвар ҳанӯз ҳозир ба истирдоди ин ин афрод ба Туркия нест. Амре, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бар сари он исрор меварзад.
«Ал-Ҷазира» дар гузориши нави худ низ гуфт, Муҳаммад бин Салмон ҳамчунон бо дархости раиси Созмони истихбороти Туркия барои ҳамкории бештари Саудӣ дар кашфи ҳақиқати қатли Ҷамол Хошуқҷӣ мухолифат мекунад ва ин дархостро «таҳдиде ғайри қобили қабул» меномад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ