796 зиндониро авф мекунанд
Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар он кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд.
«Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард», — иттилоъ дод хабаргузории ТДХ 10 декабр.
Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд.
«Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд», — гуфтааст президенти Туркманистон.
Дар соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеч кадом аз «зиндониёни сиёсӣ» набуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ