Фролов роҳи беҳ шудани вазъияти муҳоҷирони тоҷикро изҳор кард
Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов роҳи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия эълон кард.
18-уми сентябр дар пайи иштирок дар интихоботи парлумонии Русия дар Душанбе Фролов, ба суоли рӯзноманигорон посух дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои беҳбуди вазъи муҳоҷирон дар Русия мусоидат хоҳад кард. Ӯ инчунин изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати нави парлумони Русия ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои аввалия дар интихоботи 18-уми сентябр Ҳизби Воҳид пирӯз шуда, аксари курсиҳои Думаи давлатиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Бар асоси омори расмӣ аз Тоҷикистон дар интихоботи аъзои Думаи давлатии Русия 18-уми сентябр 4310 нафар иштирок намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ