8 фоидаи тарбуз ба саломатии инсон

Дар фасли тобистон қариб тамоми намуди меваю сабзавот пухта мерасад, вале хӯрдани тарбуз ва харбуза кайфияти хоси худро дорад. Дар баробари бомазза буданаш тарбуз ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад. На танҳо дила, балки ҳатто пӯчоқи тарбуз низ фоиданок мебошад.

1.Тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад.

2.Дар таркиби тарбуз моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.

3.Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Дар таркиби тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел инфексияҳо ҳимоя ва хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.

4.Норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро муътадил нигоҳ медорад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.

5.Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз вазни зиёд ранҷ мебаранд. Гирифторони фарбеҳӣ ҳар рӯз тарбуз хӯрда, бо осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд.

6.Нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун ҳастанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд, чунки тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад.

7.Тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад.

8.Ба гуфтаи табибони уролог, донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хубе мебошад. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *