8 хориҷӣ дар Кобул кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба “Деҳаи Сабз” ё Green Village дар Кобул 8 нафар шаҳрванди хориҷӣ кушта шуда ва 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ин ҳодиса рӯзи 2 сентябр рух дода ва бар асари таркиши мошини бомбагузошташуда ва тирандозӣ 16 нафар ҷон бохта ва 119 нафар захмӣ шуда буданд.  Дар ин ҳамла шаҳрвандони хориҷӣ низ талафот дидаанд.

Аз ҷумлаи кушташудагон 5 нафар аз Непал, 2 нафар аз Британияи Кабир ва 1 нафар аз Руминия будаанд.

Беш аз 400 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Green Village тавассути пулис ба маҳали амн интиқол дода шуданд.

“Деҳаи Сабз”ё Green Village дар минтақаи шарқи шаҳри Кобул ҷой гирифта ва дар ин ҷо умдатан намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва имдодрасон қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *