8 ниҳоди дар фасод пешгоми Тоҷикистон
Султонзода Сулаймон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ниҳодҳоеро ном бурд, ки дар онҳо ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар содир шудааст.
8 ниҳоди дар фасод пешгоми Тоҷикистон инҳоянд:
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо — 151 ҷиноят;
2. Соҳаи маориф — 100 ҷиноят;
3. Шабакаҳои тақсимоти барқ — 80 далели ҷиноят,
4. Тандурустӣ — 73 ҷиноят;
5. Мудофиа – 70 ҷиноят;
6. Бахши идоракунии замин ва бақайдгири амволи ғайриманқул – 54 ҷиноят;
7. Кишоварзӣ – 50 ҷиноят;
8. Бонкдорӣ — 35 ҷинояти коррупсионӣ сабт шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ