8 санади  ду ҳамсоя ( гузориш аз вохӯрии президентҳои  Тоҷикистону Қирғизистон)

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони Тоҷикистону Қирғизистон  оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯро барои ташрифашон ба сарзамини  меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки боздиди аввалини расмии роҳбари кишвари дӯст ба ҳайси Президент дар соли таҷлил аз 25 — умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сурат мегирад ва имкон аст, ки зимни ин сафар бо кӯшишҳои муштарак, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.

Зимни мулоқоти хоса ҳар ду ҷониб аз сатҳи рушди босуботи ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноат карда, мавҷуд будани заминаи ҳуқуқӣ ва платформаи сиёсии боэътимодро барои баланд бардоштани суръати ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо, аз қабили робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, муҳимму самарабахш ва ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Масъалаҳои рушду густариши ҳамгироию шарикӣ дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СААД баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, зарур шумурда шуд.

Зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Қирғизистон инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки барои дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду давлат судманди соҳаҳои саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дар бахши аграрӣ, масъалаҳои коркарди муштараки сабзавот ва мева, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои транзити мол, густариши ҳамкории байни корхонаҳо, бизнес ва минтақаҳои Тоҷикистону Қирғизистон, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шавад.

Ҳаҷми гардиши савдои байни Тоҷикистону Қирғизистон нокифоя маънидод шуда, барои афзоиши он дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои калони мавҷуда ба нафъи мардумони ду кишвар муҳим шумурда шуд.

Дар самти ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини шароити солим ва муҳайё кардани муносибатҳои хуби дӯстию ҳамсоягӣ, таклиф карда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷоннок гардонида шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ ва саҳмгузории муштарак дар татбиқи лоиҳаи муҳими энергетикии минтақавии КАСА-1000-ро мавриди баррасӣ қарор дода, барои идомаи ҳамкориҳо дар доираи муқаррароти мавҷудаи муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои давраи то соли 2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи обу энергетика метавонад омили муҳими таъминкунадаи рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо гардад.

Ҳар ду ҷониб бо изҳори ҳавасмандии зиёд омодагии худро ҳамчунин барои истифодаи муштараки иқтидори транзитӣ ва ташкили масирҳои нави нақлиётӣ барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ, ки аз ҷумла дигаргунсозии таъиноти назорат- гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва бунёди роҳҳои минтақавии оҳан ва автомобилгардро тақозо менамояд, таъкид намуданд.

Доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фарҳангию-гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуд. Ҷонибҳо дар ин самт фаъолгардонии кори Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва таҳкими робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумориданд

Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагию ҳавасамандии зиёд зоҳир карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков қабул гардида, санадҳои зерин имзо шуд:-

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон;

Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Созишнома байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (Полиси молиявӣ) “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодӣ”;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайеҳии Ҷумҳурии Қирғизистон;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2018 – 2020;

Созишнома байни Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ — омӯзгории тахассуси олӣ;

Барномаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018-2020.

Пас аз имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро барои рушду густариши ҳамкорӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон неку назаррас арзёбӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *