8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа…Сокинони Тоҷикистон вақтро чӣ гуна мегузаронанд?

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон натиҷаҳои пурсиши истифодаи вақт аз ҷониби аҳолиро нашр кард. Чунин пурсиш дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад.

Аз натиҷаи он маълум шудааст, ки аҳолии синни 10-сола ва болотар аз они ҷумҳурӣ дар давоми як рӯз вақти бештари худро ба корҳои шахсӣ — хобу хӯрок ва гигиенаи шахсӣ сарф мекардаанд.

Ҳар як сокини Тоҷикистон барои корҳои шахсиаш ба ҳисоби миёна 12 соату 53 дақиқа ё худ 53,7%-и тамоми вақти шабонарӯзро истифода мебурдааст. Аз ин миқдор барои хоб 8 соату 26 дақиқа, тановули ғизо — 2 соату 43 дақиқа ва гигиенаи шахсӣ — 1 соату 43 дақиқа сарф мешудааст.

Дар ҷойи дуюм пешбурди корҳои рӯзгор қарор дорад. Барои он сокинони Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 4 соату 4 дақиқа ё худ 17%-и вақти шабонарӯзро истифода мебурдаанд. Дар ҳамин ҳол, занон 5 соату 16 дақиқа ва мардон ҳамагӣ 2 соату 35 дақиқа ба корҳои рӯзгору оила машғул будаанд.

Ба васоити ахбори умум 1 соату 37 дақиқа (6,8%) ҷудо гардида, бештари вақт — 1 соату 22 дақиқа ба тамошои телевизор ва барои мутолиаи китоб ҳамагӣ 8 дақиқаи вақти шабонарӯз истифода мешудааст.

Дар идома муошират ва фароғату истироҳат — 1 соату 20 дақиқа (5,6%) қарор доранд.

Кор дар ҷойи панҷум қарор дорад: дар давоми шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1 соату 17 дақиқа (5,34%) ба кор машғул мешудаанд.

Ба корҳои ҷамъиятӣ тоҷикистониён 1 соату 1 дақиқа (4,3%) ва барои таҳсилу омӯзиш 48 дақиқа (3,4%) вақт ҷудо мекардаанд.

Аз ҳама камтар — ҳамагӣ 12 дақиқа дар як шабонарӯз одамон ба варзиш ва навъҳои фаъоли кор машғул мешудаанд.

Таҳқиқот бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин чунин таҳқиқот дар Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

Дар ҷараёни таҳқиқот, ки аз 15-уми сентябр то 15-уми декабри соли 2023 гузаронида шудаст, 13 ҳазору 150 нафари синни аз 10-сола боло пурсида шудаанд. Аз онҳо 60%-ашро занон ва 40%-ашро мардон ташкил додаанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *