8-умин ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

15-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар робита ба ин қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Буҷаи ҷоизаҳои ниммарафон 316 ҳазору 620 сомониро ташкил медиҳад.

Ниммарафони Душанбе ба рӯйхати расмии Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ворид шудааст. Тибқи анъана дар мусобиқа ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Франсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ниммарафони сатҳи байналмилалии Душанбе ба масофаи 21 км бо иштироки варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкор, инчунин беҳтарин варзишгарон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2010 гузаронида шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *