80 дираме, ки мардумро саргардон мекунад
Ҳазорон мусофирон ҳамарӯза аз хизматрасонии нақлиётҳои мусофирбари шаҳрӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла банда-низ. Ронандаҳои автомошинҳои мусофирбар азбаски бо мардум ҳамеша дар робитаи бевосита қарор доранд, бояд ба як чанд қоидаҳои навиштаю нонавишта риоя намоянд. Чуноне нархномаи роҳкиро ҳанӯз аз тобистони соли 2011 мувофиқи қарори Раиси шаҳр бо назардошти фосилаи хатсайрҳое, ки беш аз 16 км ташкил медод, ба ду қисм ҷудо карда, роҳкирои ҳар як қисмат 80 дирам муайян шуда бошад ҳам, то ҳанӯз баъзе аз ронандаҳо илова бар муомилаи дурушту дағалонаашон, вақте ки мусофир аз 2 сомонӣ кам медиҳад, изҳори норизогӣ намуда, ҳатто ҷанҷол менамоянд.
Ман аз мушоҳидаҳои шахсии хеш метавонам чанд мисол оварам: Вақте ки аз маҳаллаи Гулистон бо маршруткаи рақами 54 савор шудем, ронандааш бо чеҳраи пуртабассум ба мусофирон муроҷиат карда мегуфт: «роҳкиро 80 дирам бе здачи тиен, здачи надорум» Табъи болидаи ӯро дида гумон кардем, ки шӯхӣ мекунад, вале вақте ки вай ин ҳарфҳоро такроран пас аз савор шудани ҳар мусофири навбатӣ мегуфт, ҳама беихтиёр ба сӯи якдигар нигоҳҳои ҳайратзада кардем ва ҳатто як мусофири дигар, ки тахминан ҳамсинну соли ронанда буд, нобоварона савол кард:
-Ака, ягон аксия рафтестай, ки имруз скидка кардӣ? Ман ки ҳар рӯз бо маршруткаи №19 аз МЖК то Профсоюз меомадам, ҳамеша «ду сомонӣ мешавад!-гӯён ронандаҳо 2 сомонӣ талаб мекарданд. Ростӣ, ба гуфтаҳои ин ронанда чандон борвариам наомад ва аз нигоҳҳои ҳайратзадаву чеҳраи пуртабассуми дигар мусофирон маълум буд, ки онҳо низ ба шунидаашон бовар накардаанд. Субҳи имрӯз шоҳиди воқеъаи дигар шудам: вақте мусофири аз маҳаллаи 61-ум ба маршрутка саворшуда 5 сомонӣ дароз карда, илова намуд: «То сирк». Ронанда ба ӯ 3 сомонӣ бақия дод, аммо ин мусофирзан бо исрор чанд маротиба дигар такрор намуд: «Як сомонии дигар бақия диҳед, ака» гуфтанҳои ин зан ба ронанда нафорид, ки дар ҷавоб танҳо як нигоҳи ғазаболуде кард, аммо ин нигоҳ шахси аз ҳуқуқҳои хеш воқиф бударо наҳаросонид. Вақте ки ронанда ба 50 сомонии мусофири дигар ва 20 сомонии яке дигаре бақия дод, зан маротибаи чаҳорум 1 сомонӣ бақия пурсид. Ронанда бо лаҳни дағале ки гӯё на ҳаққи мусофир, балки аз кисааш ҳаққи хешро медода бошад «ҳозир метиям!”-гӯён 1 сомониро дароз кард. Ман беихтиёр ба тарафи мусофирзан дида дӯхтам, ки хеле қаноатманд буд ва бо ишораи ангушт варақаеро, ки дар тирезаи мошин часпонида шуда буд, ишора кард. Ман номгӯи хадамот ва рақамҳои дар он дарҷгардидаро рӯбардор намуда, ба ҳуҷраи корӣ омадан замон занг задам ва дар он ҷо тасдиқ карданд, ки ин қарори шаҳрдорӣ то ба ҳол бетағйир мондааст. Ногуфта намонад, ки дар ин занги телефонӣ аз ҶДММ «ЛТД Мусофир» Бахтиёр ба мо иттилоъ дод. Дар ХДНТСН сармутахассиси шуъбаи назоратӣ Боев З. гуфтанд, ки нархнома аз рӯи хатсайрҳо гуногун аст ва дар маршруткаҳои №15, №17 ва ё №7 роҳкиро новобаста аз масофа, 1 сомонӣ муаяйн карда шудааст . Дар маршруткаҳои №19, №28, №33, №8 ва бархе дигаре 80 дирам ва 1сомонию 60 дирамӣ мебошад. Ҳарчанде ин мавзӯъ забонзада бошад ҳам, то ба имрӯз байни мо мусофирон ва ронандагон ин мушкилот вуҷуд дорад. Шояд ба маблағи 1600 сомонӣ ҷарима шудани ронандаи мусофиркаши хатсайри №2 Файзиев Солеҳҷонро на ҳамаи ронандаҳои мусофирбар медонанд, ки номбурда барои муносибати дағалона ва тамаъ намудани роҳкирои аз меъёр зиёд дар асоси аризаи шикоятии мусофирон ба андозаи 40 нишондиҳанда, яъне 1600 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Агар асаби ором надоред, аз уҳдаи муомила бо мусофирон баромада наметавонед, пас лутфан аз ин кор даст кашед, зеро ба гумон аст касе, ки аз уҳдаи идораи асабҳои хеш намебарояд, аз уҳдаи таъмини бехатарии мо мусофирон барояд…
Шаҳло Ниёзова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ