80 сар гунҷишки тоҷикистониро “депорт” карданд

  Хадамоти матбуоти идораи Росселхознадзори шаҳру вилояти Маскав хабар дод, ки рӯзи 23 ноябр дар фурудгоҳи Жуковский аз бағочи дастии як мусофире, ки аз Тоҷикистон меомад, 80 сар паррандаи навъи «щегол»-ро пайдо кардаанд.

«Ҳангоми тафтиши байторӣ муайян карда шуд, ки барои ин паррандаҳо иҷозатномаи Росселхознадзор барои ворид кардан ба қаламрави Русия гирифта нашудааст ва дар асноди байториашон ягон навъ маълумот дар бораи ташхиси ин паррандаҳо аз орнитоз ва грипп вуҷуд надорад», – гуфта мешавад дар иттилоия. Росселзхознадзор тасмим гирифтааст, ки паррандаҳоро ба Тоҷикистон бозпас бифиристад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *