800 нафар 7 ҳазор говро дуздидаанд
Кормандони милитсия аз аввали соли 2021 то ба имрӯз беш аз ҳаштсад нафар говдуздро, аз ҷумла 112 гурӯҳи ҷиноиро боздошт карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Нурдилда Ораз дар брифинг хабар дод, хабар медиҳад хабарнигори Kazinform.
«Аз аввали сол аз ҷониби кормандони милитсия беш аз 800 нафар говдуздӣ, аз ҷумла 112 гурӯҳи ҷиноиро боздошт кардаанд. Аз ҳафт ҳазор сар чорвои дуздидашуда ҳудуди чор ҳазор сарашро ёфта, баргардонданд”, — гуфт Нурдилда Ораз.
Тибқи иттилои эълоншуда, дар вилояти Павлодар як гурӯҳи ҷиноии иборат аз 15 нафар ошкор гардида, содир намудани 18 дуздии чорвои онҳо исбот шудааст. Ҳамлагарон ҳафтае як маротиба аз як хоҷагии деҳқонӣ 1-2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, дар рӯзҳои истироҳат дар бозорҳои Экибастуз гӯшт мефурӯхтанд.
Умуман дар натичаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми 5 соли охир саршумори дуздии чорво 38,5 фоиз кам шудааст. Агар дар соли 2016 беш аз ҳафт ҳазор чунин ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2020 — на бештар аз ду ҳазор.
Дар соли чорй низ ҳамин гуна тамоюл давом дорад, ки саршумори дуздии чорво қариб 18 фоиз (аз 2248 то 1849) кам шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ