81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, ҷашн гирифта шуд
Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV,имоми 49-уми исмоилиён ҷашн гирифта шуд.
Дар ҷашни Мавлуди Муборак, ки исмоилиён маъмулан онро чунин ном мебаранд, овозхонони шинохтаи кишвар Шуҳрат Сайнако ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷашни Мавлуди Муборак дар маҳаллаву хонаводаҳои исмоилиён чорабиниҳои гуногунии фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор мешаванд.
Моҳи июли соли равон Волоҳазрат Оғохон Ҷашни Алмосӣ, 60-умин солгарди худро ҳамчун Имоми 49-уми ирсии (пешвои рӯҳонии) мусулмонони шиаи Исмоилия дар ҷаҳон қайд кард.
Оғохон авлоди мустақими Муҳаммад Пайғамбар (С), тавассути писари амак ӯ ва домодаш Алӣ, Имоми аввалин ва зани ӯ Фотима, духтари Пайғамбар мебошад. Ӯ шаст сол пеш, дар синни 20-солагӣ вориси бобои худ, ҷаноби Султон Муҳаммад Шоҳ Оғохон, ҳамчун Имоми мусулмонони шиаи Исмоилия бар тахти Имомат нишаст.
Оғохон муассис ва Раиси Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мебошад, ки яке аз шабакаҳои бонуфузтарин дар соҳаи рушд дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар беш аз 30 кишвар, асосан дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Африкаи Шарқӣ ва Ғарбӣ ва Шарқи Миёна фаъолият дорад. Ҳайати кормандони он ба 80 ҳазор нафар расидааст ва он яке аз ташкилотҳои бузургтарини ҷаҳон оид ба рушд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ