82 лоиҳаи сармоягузорӣ бо 49,1 миллиард сомонӣ

Айни замон дар мамлакат 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 49,1 миллиард сомонӣ баробар ба 4,50 миллиард доллар амалӣ гардида истодааст.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иттилоъ дод, ки аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ҳамагӣ 21,3 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Ҳамзамон дар ин давра дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 3,2 миллиард сомонӣ ё 298,7 миллион доллар аз худ шудааст, ки ин дар маҷмуъ ба 106 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар мебошад.

Мавсуф афзуд, ки аз ин шумора дар соҳаҳои энергетика 17 лоиҳа ба маблағи 873 миллион сомонӣ, нақлиёт — 14 лоиҳа ба маблағи 1 315,1 миллион сомонӣ, тандурустӣ — 9 лоиҳа ба маблағи 260 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 13 лоиҳа ба маблағи 196,4 миллион сомонӣ, кишоварзӣ дар доираи 3 лоиҳа 88,4 миллион сомонӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода дар доираи 8 лоиҳа 81 миллион сомонӣ, маориф 6 лоиҳа ба маблағи 134,2 миллион сомонӣ, ирригатсия/обёрӣ 4 лоиҳа 77,5 миллион сомонӣ, соҳаҳои гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғайра 8 лоиҳа ба маблағи 233,5 миллион сомонӣ  амалӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *