83 адад парвандаи ҷиноӣ оид ба замин
153 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ошкор карда шуд. Нимаи дуюми имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, Абдураҳмон Мавлонов гуфт аз 153 ҳолати қонунвайронкунӣ 83 адад парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боқимонда ҳолатҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст: -«Инчунин дар давоми соли 2017 аз ҷониби нозирони кумитаи идораи замини вилоят 102 адад ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 2198, 81 га муайян карда шуда, барои бартараф кардани ин қонуншиканиҳо дастур дода шуд»-гуфт Мавлонов.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ