9 чиниро кӣ кушт ва сабабаш дар чӣ буд?

Зимни як сафари дурӯза Вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Хадамоти иктишофии Покистон вориди Чин шуданд. Ин сафар баъди таркиш дар як автобус, ки дар натиҷаи он чанд коргари чинӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ кушта шуданд ва як бархурди бесобиқаи дипломатӣ миёни ин ду кишвари ҳампаймон сурат гирифт, доир гаштааст.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покисон, генерал-лейтенант Файз Ҳамид, раҳбари идораи иктишофи низомӣ рӯзи 23-уми июн ба Пекин рафтанд.

Вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, ки ду тараф ҳамкориҳои дифоъӣ ва амниятӣ, мубориза бо терроризм ва масоили минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Ин боздид пас аз он сурат мегирад, ки рӯзи 14-уми июл дар як таркиши автобус 12 нафар, аз ҷумла 9 коргари чини дар шимолу ғарби Покистон кушта шуд. Пекин гуфт, ки коргарони чинӣ дар натиҷаи «таркиши бомба» кушта шуданд. Дар ҳоле ки, мақомоти Покистон гуфтанд, ки таркиш зоҳиран дар натиҷаи ихроҷи газ ба амал омадааст. Автобус ҳудуди 40 корманди чиниро ба майдони сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии вилояти Хайбар Пахтунхвои Покистон, дар наздикии марз бо Чин мебурд.

Чин наздиктарин шарики минтақавии Исломобод аст, аммо амнияти коргарони чинӣ дар Покистон кайҳо боз нигарониҳоро дар Пекин ба бор овардааст.
Ин сафар ҳамчунин баъди афзоиши нигарониҳо дар минтақа аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон сурат мегирад. Толибон қаламравҳои зиёдеро пеш аз хуруҷи ҳамаи сарбозони хориҷӣ, ки 31-уми август анҷом меёбад забт кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *