9 миллиард нафар одам чӣ мехӯранд?
Олимон дар бораи проблемаи глобалие, ки инсоният бо он дучор мешавад, сухан ронданд.
Лоран Гензбиттел, профессори Институти илм ва технологияи Сколково (Сколтех) мегӯяд, ки то соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 9 миллиард нафар мерасад ва барои ғизо додани ин қадар одамон ду баробар зиёд протеин лозим аст.
— Дар ин бора лабораторияи рақамии кишоварзӣ хабар додааст,- мегӯяд РИА “Новости”.
Норасоии сафеда мушкилоти ояндаест, ки олимон дар болои он кор мекунанд. Онҳо кӯшиш доранд, ки аз ҳисоби ҳашарот ё баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳо хӯроки сафеда гиранд.
«То соли 2050 башарият бояд тавлиди сафедаҳоро ду баробар афзоиш диҳад. Тибқи пешгӯиҳо, шумораи одамон то соли 2050 ба 9 миллиард нафар мерасад ва барои ғизо ба протеини бештар ниёз доранд»,- гуфтааст Гензбиттел.
Тавре олим шарҳ додааст, дар Аврупо мардум гандум ва наск мехӯранд. Аммо дар минтақаҳои дигар, аз қабили Осиёи Ҷанубӣ ё Африқо, мардум бештар биринҷ ва нахӯд мехӯранд. Нахӯд манбаи асосии сафеда дар ин минтақаҳо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ