9-ситораи дурахшони санъат консерт доранд

Саннаи 8- уми октябр дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашараф Ҷӯраев консерти 9- ситораи муваффақи кишвар баргузор мегардад.

Зимни суҳбат Мехрафрӯз Неъмонзода, сардабири ҳафтаномаи «Зан ва Мард»  қайд кард, ки бо пешниҳоди Сарвари кишвар, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гаштааст, боиси дастгирист. Бо ин мақсад тасмим гирифтем, ки баҳри такмили дастуру супоришҳои падари миллат як барномаи фарҳангӣ таҳия ва пешниҳод намоем.

«Ҳадафи мо маблағ ба даст овардан нест, танҳо таблиғи ҳафтанома ва дастгирии ҳунармандоне, ки таваҷҷуҳи мардумро воқеан ба худ ҷалб кардаанд, ин консертро баргузор намудан аст. Баъди ба даст овардани Истииқлолияти кишвар  шароити моливу техникӣ барои мо ҷавонон муҳайё гашт. Моро зарур аст, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ  ва муарифӣ созем-мегӯяд номбурда.

Дар охир Меҳрафрӯз Неъмонзода илова намуд, ки баъзеҳо шикоят мекунанд, ки ҷои кори хуб надорем, дастгиру такягоҳ нест, шарои хуби зиндаги надорем, вале ман ба ақидаи онҳо тамоман розӣ нестам, чунки муваффақ шудани инсон дар касбу кор, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва рӯзгори осуда аз худи шахс вобастагӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *