90 кило ҳероину афюни “бесоҳиб”

Aз як пинҳонгоҳ дар назди деҳаи Чашмаи ноҳияи Сариосиё дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон миқдори бузурги иборат аз 90 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

39 килою 409 грамми он ҳероин, 35 килою 715 граммаш афюн ва 14 килою 545 грамми боқимондааш ҳашиш будааст. Ҳамаи ин маводи мухаддир, ки дар маҷмуъ 89 килою 699 граммро ташкил медиҳад, мусодира гардида, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ин “хазина” чизе гуфта намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *