92 адад GALAXY ва HUAWEI мусодира шуд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёт дар маркази савдои «Тоҷикистон” (собиқ ЦУМ) дар маркази Душанбе 92 телефони мобилии гаронбаҳо ба маблағи 251 ҳазору 262 сомонӣ ёфт ва мусодира шудааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Хадамоти гумрук, дар ҷараёни як амалиёти гумрукӣ аз ҷониби шӯъбаи ташкили мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати гумруки пойтахт маълум карда шуд, ки «шаҳрванд Ҳ. Ш. автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» рақами қайди давлатиаш 67 58 ВЕ 01-ро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.”
Ҳангоми муоина аз дохили мошини Ҳ.Ш. 92 адад телефонҳои гаронарзиши тамғаҳои GALAXY ва HUAWEI ёфт ва мусодира шудааст. Арзиши ин телефонзо бар асоси ташхис 251 ҳазору 262 сомонӣ, ё бо қурби расмӣ 28 500 долларро ташкил медиҳад.
Шаҳрванд Ҳ.Ш. барои ин 92 адад телефони гаронбаҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоштааст. Ин қазия ҳоло таҳти санҷиш қарор дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ