Ҳалокати се косатарошӣ дар паи як фалокат

 Сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, ду бародар ва додарзода баъди зуҳри 12-уми октябр зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.

Тавре аз ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент  иттилоъ додаанд, фоҷеа тақрибан соати 15:00 рух дода, ҳалокшудагон аъзои як хонавода будаанд: “Бародарон Муҳиддинов Саиди 38- сола, Муҳиддинов Субҳони 25-сола ва бародарзодаашон Раббим Муҳидинови 20-сола рӯзи гузашта барои кандани хок рафтаанд ва танҳо соати 15:00 ду роҳгузар мебинанд, ки онҳо зери хок мондаанд”.

Саид дар корхонаи тиллои “Зарафшон” ронанда буда, Субҳон муаллими мактаб ва бародарзодаашон Раббим донишҷӯ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *