Муносибати Тоҷикистону Русия дар форуми Душанбе
Имрӯз, панҷшанбеи 13 октябр панҷумин форуми байнипорлумонии “Тоҷикистон – Русия: потенсиали ҳамкориҳои байниминтақавӣ” дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард. Форуми мазкур соати 15.00 бо ширкати Валентина Матвиенко, раиси Маҷлиси Федератсияи Русия, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва мақомҳои порлумонии ҳар ду кишвар, коршиносону мутахассисони соҳа дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.”
Фаъол кардани ҳамкориҳо бо ниҳодҳои молии Русия, фароҳам кардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоя, ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар суръат бахшидани тарҳҳои муҳими сохтмонӣ ва нақлиётӣ, созмон додани корхонаҳои нави муштараки рақобатпазир, густариши ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи геология, ворид кардани технология ва таҷҳизоти муосир аз Русия барои бахши кишоварзии Тоҷикистон ва ғайра дар меҳвари Форум қарор хоӯад гирифт.
Зимнан, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсиюн ё палатаи болоии порлумони Русия шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд. Валентина Матвиенкоро дар ин сафар як ҳайати баландпояимақомҳои порлумонӣ ва давлатии Русия ҳамроҳӣ мекунанд. Бар иловаи ширкат дар “Форуми байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия“, Матвиенко сафари расмие низ аз Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, қарор аст дар ҷараёни сафари расмии худ Валентина Матвиенко бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Шукурҷон Зуҳров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дидору гуфтугӯ кунад.
Тибқи барнома, шоми имрӯз дар поёни Форуми байнипорлумонии Тоҷикистон ва Русия, санаде қабул гардида ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенкон ба хабарнигорон аз натоиҷи ин ҳамоиш изҳороти матбуотӣ хоҳанд дод. Валентина Матвиенко имшаб Душанберо ба қасди Маскав тарк хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ