Нархи барқ аз 1 октябр баланд мешавад?
Бархе сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, кормандони шабакаҳои барқ онҳоро огоҳ кардаанд, ки шурӯъ аз якуми ноябр ҳаққи пардохти барқ боло меравад.
Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”изҳор дошт, ки феълан наметавонад дар ин бора чизе бигӯяд: “Агар маълумоте дастрас шавад, тавассути сайти ширкат расонаҳо ва мардумро огоҳ мекунем”.
Сару садоҳо дар бораи боло рафтани ҳаққи истифодаи барқ ҳанӯз оғози соли ҷорӣ баланд шуда, он замон ширкати “Барқи тоҷик” санаи дақиқи онро эълон накарда буд.
Ҳоло аҳолӣ барои ҳар килловат нерӯи барқ наздик ба 12 дирам пардохт мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ