Вой ба ҳоли боғчаи кӯдакон

Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар

Ба наздикӣ дар шаҳраки 25-солагии Истиқлолияти Роғун будам ва зимни гардиш чашмам ба бинои валангори дуқабата афтод, ки дар замони  шӯравӣ боғчаи ободи кӯдакон буд. Аммо ҳоли зори ин боғчаро дида, дилам реш гашт.

Ин боғча солҳои 70-80-уми асри асри гузашта барои кӯдакони  ин шаҳрак хизмат мекард, аммо дар солҳои нооромӣ дуздону ғоратгарон асбобу анҷоми онро ба яғмо бурда, фақат бинои абгорро ба ёдгор монданд. 

Дар солҳои баъдӣ низ, гарчанде борҳо масъалаи таъмири боғча ба миён омада бошад ҳам, масъулин ба он таваҷҷуҳ накарданд. Ҳанӯз соли 2017 банда вазъияти ногувор доштан ва ба таъмир ниёз доштани боғчаро ба  Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун расонида будам, аммо то имрӯз аз ҷониби онҳо садое набаромад.

Ин сафар низ аз назди боғча гузашта, кӯдакони дар ин вайрона давутозмекардаро дидаму ба назди мудири он даромадам.

Феълан дар як қисмати ин бино боғчаи кӯдакона дар ҳолати нигаронкунанда фаъолият мекунад. 

Мудири боғча Мавҷуда Муслимова низ намедонад, ки кай бинои онҳо таъмир мешавад. Ман ошёнаи якуми ин биноро ҳамроҳи мудири хоҷагӣ дидан намуда, ҳуҷраҳои валангори бе дару тиреза дару девори шикаставу рехтаи онро аксбардорӣ кардам.

Маълум шуд, ки барои таъмири ин боғча аллакай аз буҷа маблағ ҷудо шуда, масолеҳи сохтмонӣ ҳам харидорӣ шудааст, аммо ин масолеҳ куҷо шуд, касе намедонад. 

Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Сангалӣ Шоев зимни суҳбат гуфт, ки барои таъмиру навсозии боғчаи кӯдакон маблағи зарурӣ ва барои рӯйпӯш кардани бино тунука ҷудо шудааст ва рӯзҳои наздик таъмиру навсозии боғчаи кӯдакон оғоз мешавад. Аммо намедонам, ки то куҷо ба ҳарфҳои Шоев бовар кунем?

Ҳокими Сафар,

шаҳри Роғун

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *