Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ рафт

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар кардааст.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки масъулин барои шиносоӣ аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ, боздид аз вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо, мулоқот бо зарардидагони офати табиӣ, расонидани кумаки Пешвои миллат ба онҳо, шиносоӣ аз рафти сохтмони иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ ба шаҳри Хоруғ расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *