Ањдшиканӣ. Чаро қирғизҳо ба созишнома имзо мекунанду иҷро не?
Боз дар Чоркӯҳ хонае оташ гирифт. Боз шаҳрвандон гаравгон афтоданд. Даҳҳо мошин дар ҳудуди Қирғизистон банд шудаву мардум азият мекашанд.
Сурху сиёҳи ҷанг
Ҳар чи қадар муноқишаи марзии охирин дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз мо дуртар мешавад ва такрор нашудани онҳо боиси хурсандии мо-рӯзноманигорон аст. Мо кӯшиш мекунем, ки барои эътидоли пурраи вазъ дар ин бора камтар нависем.
Зеро бадбахтиҳое, ки ин муноқиша ба сари чанд оилаи тоҷику қирғиз овард, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Мутаассифона ,ҳамсояҳои мо чунин иқдомро дастгирӣ намекунанд ва пайваста кӯшиш мекунанд, ки дар бораи муноқишаҳои марзӣ ҳарчи бештар дурғпароканӣ кунанд ва ҳатто таърихро таҳриф намуда, ҳар чи ба даҳонашон ояд, нависанду гӯянд ва, инчунин, амалҳоеро анҷом диҳанд, ки вазъи гӯё ором, аммо дар асл на он қадар умедворкунандаро муташанниҷ гардонанд. Онҳо то ҳол намефаҳманд, ки ба қавли журналист Орзу Исоев ҷанг танҳо ду ранг, яке сурхии хун ва дигаре сиёҳии мотамро дорад. Қирғизҳо алорағми муоҳидае, ки бастанд, вақтҳои охир иқдомҳое карданд, ки зидди ин шартномаи сулҳанд. Аввалин амале, ки онҳо ба анҷом расонданд, ин бо гуноҳи чанд гӯрсӯхта сӯхтани хонаю дари як тоҷики марзнишин аст. Шаби 14-уми май қирғизҳо хонаи Баҳром Ғафуров, сокини деҳаи ҷамоати Чоркӯҳро сӯхта нобуд карданд.Онҳо боз садҳо навниҳол дар мавзеи Сиёҳкӯҳро решакан кардаанд,ки ин корро танҳо дар гузашта ғосибони Чингизхон мекарданд. Аҷибаш ин, ки мақомдорони қирғиз ин гуноҳро ба гардан гирифтан намехоҳанд ва ба санадҳои пешниҳоднамуда эътибор намедиҳанд…
Даъвои профессори қирғиз
Чун сухан аз шахсияти таърихӣ рафт, як профеесори “таърихдон”-и қирғиз бо исми профессор Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов, намедонам кадомаш дуруст аст),ҳатто даъво дорад,ки Хуҷанд туркӣ аст ва замоне мутаалиқ ба қирғизҳо буд. Ӯ мегуяд: “Барои мисол, номгузориҳои мавзеъҳои атрофи Хуҷанд: Қирқ Қиз бейити, Қирқ Уул, Нариман, Жоо Кесек, Кожо Бакырган (Хоҷа Боқирғон)… Худи Хуҷанд ҳам аз туркист, на аз форсӣ ва маънояш қароргоҳи хоҷаҳост. Ин шаҳр номи худро дар давроне гирифтааст, ки дар Тӯрон хоҷаҳои араб муқим мешуданд ва ин шаҳр ба мардуми туркзабон, аз ҷумла ба қирғизҳо рабт дошт” Кам не беш не, ана ҳамин тавр! Ба гуфти ин “профессор” се ҳиссаи Тоҷикистони имрӯза ба қирғизҳо мансуб будааст ва ин суханонро як деҳқони одӣ не, балки марди зиёие мегӯяд,ки президенташ аз онҳо даъват карда буд, ки дар чунин вазъияти муташнниҷ “ба оташ равған нарезанд”.
Гаравгонгирии шаҳрвандон
Боздошт ё аниқтараш, гарвгонгириии се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин шабу рӯз ба мал омад ва ҷониби дигар маҷбур шуд барои озодии онҳо се шаҳрванди қирғизро боздошт кунад, як амали провокатсионии дигаре буд, ки ба ҷои ором намудани вазъ, кушиш карданд онро боз ҳам бесуботтар кунанд. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара гуфт, ки сокинони Қирғизистон се шаҳрванди Тоҷикистонро дар деҳаи Оқсой аз «Газел» фароварда, «гаравгон гирифтанд”. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон замоне боздошт шуданд, ки дар ҳудуди Оқсой аз таксӣ берун омаданд. Ба иттилои ин ниҳод, роҳ аз Ворух ба Исфара транзитӣ аст ва мошинҳову мусофирон набояд дар он ҷо биистанд: “Савор шудану фаровардани одамон ва ё бор кардани мол дар роҳи транзитӣ манъ аст.” Баҳонае,ки на дар бел меғунҷаду на дар каланд. Агар қазои ҳоҷат карданӣ бошад, пас онро дар дохили мошин анҷом диҳад? Хайрият,ки ҷонибҳо дар ниҳояти кор боздоштшудаҳои ҳарду тарафро озод намуданд.
Роҳбандии қирғизӣ
Ё биёем сари роҳбандиҳои қирғизӣ. Чанд шабонарӯз мошинҳои борбари тоҷикон дар марзи ин кишвар дармонданд. Сабаб, гӯё онҳо моли қочоқӣ мекашонда бошанд Аммо сабаби аслии ин дар ҷои дигар будааст. Дар Қирғизистон як созмоне ҳаст,ки гирифтори маризии миллатгароӣ мебошад ва яке аз ташаббускорони ин ҳаракат Юнусбек Каразаков дар масъалаи боздошти мошинҳо гуфтааст: «Мо талаб мекунем, ки ба қочоқи маводи сӯхт, семент ва дигар молҳо ба Тоҷикистон хотима дода шавад. Мо худамон тасмим гирифтем, ки ягон кило зардолу ва биринҷро содир накунем”. Яъне, ӯ мехоҳад,ки аз ҷониби қирғизҳо Тоҷикистон мавриди инвизо (блокада) қарор дода шавад.Тавре дида мешавад, ин “миллатдӯст” “закази” кадом олигархи манфиатдор ба ин корро иҷро мекунад. Мо ин ҷо дар бораи он,ки мусофирони аз тариқи Ӯш аз Русия баргашта дар ҳамсоякишвар ба чӣ ҳолатҳо гирифтор шуданд , сухан намекунем, аммо мегуем,ки ҳарчи дӯстони қирғизи мо алорағми тоҷикон анҷом медиҳанд, ба зарари худашон аст.
Роҳи ҳал кадом аст?
Тавре борҳо аз ду ҷониби сарҳад садо дод, бояд ҳамаи мушкилот бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад. Ҷомеашиносон ва таҳлилгарон низ мегӯянд,ки дигар роҳе барои ин ду кишвари дӯст нест.Мушкилоти марзқии байни ду кишвари бародар онҳоеро низ ба ташвиш овардааст, ки ҳазорон фарсах аз мою сарҳади мо дуранд.
Филиппо Коста Буранеллӣ, таҳлилгари байналмилалӣ ва Осиёи Марказӣ, устоди Донишгоҳи Сайнт Эндрю (Британия) мегӯяд: “Ба назари ман, айни замон раҳбарон ва мардуми маҳаллҳо дарк мекунанд, ки низоъ ба нафъи ҳеч яке аз тарафҳои дахил дар муноқиша нест ва дарвоқеъ, дипломатия, эҳтироми дутарафа, муколама ва машваратҳои сиёсӣ роҳҳои аслии ҳалли мушкил бояд бошад” Кош ин гуфтаҳо ба гӯши онҳое ҳам мерасид, ки вазъро дар сарҳади ду давлати ҳамҷавор аз сари нав муташанниҷ намуда, “обро лой карда моҳӣ доштан мехоҳанд” мерасид…
А.АҲМАДЗОДА, шореҳи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ