Аҳдшиканӣ. Қирғизҳо дар сарҳади Исфара аз «беспилотник»-ҳо истифода карданд

Қирғизистон дар муноқишаҳои ахири наздисарҳадӣ дар ҷамоатҳои Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз тайёраи бесарнишин истифода бурда истодааст.

Тибқи иттилои аҳолии ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворух, дар натиҷаи даргириҳои охир ҷониби қирғизҳо аз беспилотникҳои Bayraktar TB2 истифода намуда, ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ намудааст. Дар натиҷа хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон Б. Довудов, соли таваллудаш 1965, С.Қаҳҳоров соли таваллудаш 1988, Ғ. Тоҳирзода  соли таваллудаш 1957 ва А. Султонов  соли таваллудаш 1980 пурра валангор ва  хонаҳои ҳамсояҳояшон қисман нобуд шудааст.

Аҳолии наздимарзии Тоҷикистон аз кирдорҳои номардонаи Қирғизистон изҳори норозигӣ намуда, аз созмонҳои баландпояи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ хоҳиш намуда истодаанд, ки ин масъаларо, яъне истифода шудани беспилотник ба тарафи аҳолии осоиштаро баррасӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *