Аҳмад Масъуд: Музокирот бо Толибон имконпазир нест!

Аҳмад Масъуд дар як мусоҳибаи ихтисосии худ бо “Би-би-си”-и форсӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳушдор додааст, ки агар ба вазъияти ҷорӣ таваҷҷуҳ нашавад, мушкили Афғонистон домангири кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд.

“Агар суботи сиёсӣ дар Афғонистон барқарор нашавад, гуруҳҳои террористӣ бо истифода аз вазъият ва хоки ин кишвар бори дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ҳадаф қарор медиҳанд. Вазъи Афғонистон ниёзе ба баррасӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Афғонистон ниёзе ба ин дорад, ки ҳарчи зудтар як суботӣ сиёсӣ пайдо кунад. Бо як роҳи ҳалли сиёсӣ, як низоми машруъ, ки дар ҳамкории хуб бо кишварҳои минтақа ва дунёст, мушкили Афғонистон бояд ҳал шавад”,- гуфт Аҳмад Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар хитоб ба кишварҳое, ки мехоҳанд ҳукумати Толибонро ба расмият бишносанд, гуфтааст, ки «ҳар кишваре, ки мехоҳад ба расмият бишносанд, бидуни шак ҳар масъалае, ки дар Афғонистон иттифоқ меафтад, онҳо ҳам дар он масъала дохил ва масъул ҳастанд. Агар ҷинояте ва ё агар зулме сурат мегирад, онҳо ҳам ба он ҷиноят ё зулм ва ё истибдод машруъият додаанд ва мардуми Афғонистон фаромӯш нахоҳанд кард».

Писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар идома зикр намудааст, ки Ҷабҳаи муқовимат дар 11 моҳ дастовардҳои бузург доштааст ва ҳоло теъдоди неруҳои муназзами ҷангии онҳо ҳудуди 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Мо аз он нерӯе, ки ба теъдоди маҳдуде вуҷуд дошт, аз комилан сифр расидем ба як нуқтае, ки имрӯз мо як ташкилоти сохторманд ва муназзам дорем. Теъдоди неруҳои муназзами ҷангии мо имрӯз  ҳудуди 3 ҳазор нафар аст ва ин дар ҳоли афзоиш аст”,- афзудааст роҳбари ҷабҳа.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ки нақшаи навбатии ӯ шуруъи амалиёт барои хориҷ кардани бархе аз манотиқ аз зери назорати Толибон хоҳад буд.

Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, «дар ин муддат талошҳои мо ба он нигаронида шудааст, ки ҳам ба ҷаҳониён ва ҳам ба мардуми Афғонистон нишон диҳем, ки бо камтарин манобеъ метавон дар муқобили истибдод истодагарӣ кард».

Аҳмад Масъуд иқрор мекунад, ки мубориза бо Толибон бидуни пул ва таҷҳизоти зарурии низомӣ кори душвор аст ва иқрор мешавад, ки иншооти ҷабҳа дар муқоиса бо Толибон хеле камтар аст. Ҳанӯз маълум нест, ки ҷабҳаи муқовимат аз кадом сарчашмаҳо ҷангро маблағгузорӣ мекунад, аммо Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки «ангеза калиди аслии пирӯзии ҳар гуна ҳаракат аст».

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ки дар шароити феълӣ имкони музокироти ҷиддӣ бо Толибон вуҷуд надорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, нишонаҳое вуҷуд доранд, ки Толибон дар сатҳҳои поёнӣ бовар доранд, ки «Афғонистон хонаи умумии ҳама аст».

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Аҳмад Масъуд бо “Толибон” дар Душанбе дар доираи як конфронс мулоқот хоҳанд кард.

Аҳмад Масъуд умедвор аст, ки дар сатҳи баланд эътиқоде вуҷуд хоҳад дошт, ки роҳи ҳалли Афғонистон сиёсӣ аст ва бояд барои ин шароит омода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *