Аҳмад Масъуд: Суқути Толибон наздик аст!

Шаби Ялдо бо дӯстон дар тарабхонае ҷамъ омадем. Суҳбатамон баъди сад-сад гирифтан ба қавле қӯр гирифту фориғ аз ташвишҳои рӯзгор будем, ки…

Тахмин соатҳои 21 телефонам занг зад. Дар экран шумораи женроли кописоӣ Фаҳим Кӯфиро дида, тугмаро пахш кардам:

— Как дела, журналист?

Женрол Кӯфӣ замони Шӯравӣ дар Москва таҳсил карда, забони русиро балад буд. Баъди вориди хоки Афғонистон шудани русҳо ба Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст гардида ва дар як ҷабҳа бо қумандон Кафтар меҷангид. Солҳои охир бештар дар Тоҷикистон иқомат дорад. Солхӯрда ба гуфти худаш уқоби бознишаста аст, ки тавони парвоз кардан ба андозаи хурӯсро надорад.

— Дуруд, женрол соиб, бехи саис, ҳама хубе,- гуфтам бо шеваи кописоӣ.

— Дар куҷоӣ?

— Дар тарабхони “Mensonge” бо дӯстон омад-омади Соли навро ҷашн мегирем.

— Аз русҳо ба шумо фақат вудко мерос монд.

— Шумо ҳам бад не.

— Зиндагим душвор аст, сарзаминам дар дасти ашрор, арақ мехӯраму гиря мекунам…

— Поёни шаби сияҳ сафед аст.

— Бале… Ман баъди 3 дақиқа дар даромадгоҳи тарабхона туро интизор мешавам. Ҳарфи муҳим дорам.

… Женрол Кӯфӣ маро дидан замон ба оғӯш кашида, ба мошин даъват кард. Чун савори Ҷип шудам, гуфт:

— Бо мо меравӣ. Омир Соиби ҷавон туро интизор аст.

Шах шудам. Омир Соиб? Маро? Чаро?

— Ман сархушам, женрол соиб.

— Хайру хайрияте, роҳ дур аст, ҳушёр мешавӣ…

Гармии даруни мошин ва 40 дараҷаи ҳарорати вудкои русӣ кори худро карду даруни Ҷип зуд хобам бурд.

— Журналист, бедор шав!,- садои женрол ба гӯшам расид. Нишаста хобидан мани вазнинро чанд баробари дигар сангин карда буд. Тамоми аъзои баданам дард мекард, сарам гаранг ва дилбеҳузур будам. Вақте аз мошин фаромадам, хунукӣ чун теғ ба рӯям мерасид. Барф меборид ва тӯфон ҳуштак мекашид.

— Куҷо омадем?

— Ин ҷо қароргоҳи шербачаи Панҷшерӣ Аҳмад Масъуд аст,- гуфт женрол.

— Ин ҷо куҷост?

— Вақтамон кам, баъд суҳбат мекунем.

Аз думболи пешвозгирандагон дохили ҳуҷрае шудем. 10-12 нафар нишастагонро, ки баробари ворид шудани мо аз ҷой хестанд, намедонистам, вале шери ҷавони Панҷшер Аҳмад Масъуди диловарро зуд шинохтам.

— Хуш омадед. Сафо овардед,- гуфт Масъуди ҷавон.

— Дар ин сардӣ сафо аз куҷо?- гуфтам бо табассум.

— Ҳозир чой меоранд, гарм мешавед.

— Эшон дар рестурон шароб мехӯрданд, гарм буданд,- гуфт женрол.

— Соли нав аст дар мо,- гуфтам.

— Крисмаро ман ҳам дӯст дорам,- гуфт Аҳмад Масъуд.

… Хулоса, баъди нишастану суҳбат кардан аз ину он Аҳмад Масъуд мақсади даъват кардани маро гуфт:

— Яке аз кормандони шумо барои суҳбат бо Толибон рафтааст.

— Кӣ?- бо ҳайрат пурсидам, зеро аз сафари Ҳоҷибобо ба Кобул хабар надоштам.

— Исмаш душвор аст. Афсари разведкаи Шӯравӣ.

— Абдумудассир Аҳмадзода,- гуфтам.

— Ҳамнасаби Ғанӣ будааст,- ба андеша рафт Аҳмад Масъуд.

— Инсони хубе аст. Ба падаратон Аҳмадшоҳи Масъуд эҳтиром дошт. Ҳоҷӣ аст…

— Ҳоҷӣ боз бо Толибон ҳамкорӣ надошта бошад ва ҷонибдори неруҳои исломӣ набошад?

— Не, ба ҳеҷ ваҷҳ. Ҳоҷии мо одами муосир, дар Соли нав дар хонааш арча оро медиҳад. Вале ман аз сафараш огоҳ нестам.

— Толибон ӯро барои тарғиб бурдаанд. Барои ҳамин туро даъват кардем. Дар идомаи суҳбати Ҳоҷӣ бо Ҳайбатулло Охунзода навис:

“Мо ҳеҷ гоҳ шикастро қабул намекунем ва пеши душман таслим нахоҳем шуд. Толиб душмани башар аст. Агар ҷаҳон Толибро эътироф кунад, ба рӯзи Афғонистон гирифтор хоҳад шуд”.

— Вале, омир соиб,- ҳарфи Аҳмад Масъудро буридам,- шумо чандест хомӯширо ихтиёр кардед…

— Хомӯшӣ ҳикмате дорад, ки дар гуфтан намеғунҷад.  Муқовимат зинда аст. Мо пирӯз мешавем. Суқути Толибон наздик аст.

— Шумо дилпур ҳарф мезанед. Пуштибони шумо кист?

— Пуштибони мо Худост, баъдан дӯстони мо.

— Тоҷикистон?

— Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ.

— Ба Тоҷикистон равуо доред?

— Оре.

— Аз муқовимат чӣ интизор шавем?

— Ҳоло дар Афғонистон ҳаво сард аст. Неруҳои муқовимат дар куҳҳо ҷиҳодро идома медиҳанд. Дур нест он рӯзе, ки шоҳиди ташаббусҳои ҷиддии мо хоҳед шуд.

Он шаби ялдо бо Аҳмади Масъуд суҳбати кӯтоҳе доштем. Суолҳои зиёде доштам, вале шери Панҷшер гуфт:

— Имшаб ба хотири Ялдо муҷоҳиддини муқовимат базм оростаанд. Бояд бо онҳо бошам. Ба қарибӣ ба Душанбе меравам. Женрол Кӯфӣ шуморо пайдо мекунад ва ҳатман суҳбати муфассал хоҳем кард.

Ҳамин тавр, вохӯрии ман бо Аҳмади Масъуд анҷом ёфт…

Тафсилоти ин сафар ва бо кадом роҳ ба қароргоҳи Масъуд расидан ба хотири амниятӣ махфӣ аст.

Хонандаи азиз, дар соли 2022 интизори суҳбати мо бо Масъуд бош! Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *