Аҳмадбой 386 млрд сӯми мардумро аз худ кардааст

Дар Ӯзбекистон дар доираи парвандаи бунёдгузори «пирамидаи молӣ» Аҳмад Турсунбоев, мулаққаб ба «Аҳмадбой» 1710 шаҳрванд ҳамчун ҷабрдида ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми хисороти умумии ӯ 386 млрд сӯм (ҳудуди $40,5 млн) аст.

Дар ин бора муовини сардори Бюрои иҷрои иҷбории Ӯзбекистон Бекзод Менглиев охири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Менглиев, дар ҳоли ҳозир 29 амволи ғайриманқул ва 8 мошини марбут ба соҳибкори зиндонӣ Аҳмад Турсунбоев рӯйхат шуда, барои фурӯши онҳо тавассути музояда корҳо анҷом мешаванд. Ҳамчунин як миқдор нақдина низ мусодира шудааст.

Феълан маълум нест, ки бо пули ин амвол баргардонидани маблағи ҳамаи ҷабрдидаҳо имкон дорад, ё не.

Додгоҳи вилояти Тошканд 21 феврал Аҳмад Турсунбоевро 13 сол зиндонӣ кард. Муҳлати иҷрои ҷазои ӯ аз 16 июни соли 2016 шумурда мешавад. «Аҳмадбой» ҳамчунин як сол аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум ва 52 миллиону 96 ҳазор сӯм (6300 доллар) ҷарима шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *