Аҳмади Масъуд ва Салоҳуддин Раббонӣ, дар Тоҷикистон ҳузур надоранд

 Манобеъ хабари мулоқоти Амруллоҳ Солеҳ, сарпарасти раёсатиҷумҳурӣ ва Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифоъ дар ҳукумати қаблии Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро қисман таъйид карданд

Қаблан як иттилоъ дар ҳисоби твитерие ба номи генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ нашр шуд, ки бино ба он, ҳайати бузурге аз Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.

“Рӯзи гузашта таҳти раёсати Амир Соҳиб Аҳмади Масъуд, Амруллоҳхони Солеҳ, сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ, Салоҳуддинхон, Ҷоҳид соҳиб, Эзадёр соҳиб, Маънавӣ соҳиб, Ағбар соҳиб, Хоноқо Ризоӣ ва Зилмуҳаммад Нурӣ дидор доштем бо ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯсти Тоҷикистон. Дар мавриди Афғонистони ишғолшуда, иншоаллоҳ, хабари хуш дар роҳ аст”, — омадааст дар хабар.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ин ҳисоби твитерии Бисмиллоҳхонро ҷаълӣ хонда, гуфтанд, ҳамчунин мулоқот анҷом шудааст, аммо дар он фақат чаҳор нафар аз ҷониби Ҷабҳа ширкат доштаанд.

“Ин мулоқот ба таърихи 19 сентябр баргузор шуд ва дар он чаҳор нафар – Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар ин мулоқот масоили марбут ба Афғонистон, бахусус, музокироти Ҷабҳа бо “Толибон” ба баррасӣ гирифта шуд”, — гуфт манбаъ.

Ин манбаъ ширкати Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Салоҳуддин Раббонӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Фазл Аҳмад Маънавӣ, собиқ вазири адлия, Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси Маҷлиси Болоӣ, Хоноқо Ризоӣ ва Зилмуҳаммад Нурӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагони парлумони Афғонистон дар ин мулоқотро рад кард.

“Теъдоде аз онҳо дар Тоҷикистон ҳузур надоранд”, — гуфт манбаъ. Бино ба иттилоъи манбаъ, Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид тайи 10 рӯзи ахир ва намояндагони парлумони Афғонистон хеле пештар вориди Тоҷикистон шудаанд. “Бақия зикршудагон, ба шумули Аҳмади Масъуд ва Салоҳуддин Раббонӣ, дар Тоҷикистон ҳузур надоранд”, — гуфт манбаъ.

Дурустии ин иттилоъ аз манобеъи дигар имкон надорад. Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд эълон дошта буд, ки дар баробари ҳукумати “Толибон”* ҳукумати худро эълон хоҳад кард. 7 сентябр “Толибон” ҳукумати худро муаррифӣ карда

Дар ҳамин ҳол, ҳузури чеҳраҳои барҷастаи Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи сафари расмии Имрон Хон, сарвазири Покистон ба ин кишвар, ки 17 сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуд, иттифоқ меафтад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар анҷоми ин нишаст эълон кард, ки Тоҷикистону Покистон барои баргузории музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон”*дар шаҳри Душанбе мувофиқат кардаанд.

Ҳамзамон Имрон Хон гуфта буд, ки Тоҷикистон аз нуфузи худ дар миёни тоҷикон ва Покистон аз эътибори худ миёни паштунҳо истифода карда, онҳоро сари мизи музокирот шинонанд. “Толибон” то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *