Аҳмадинажод ва Лориҷонӣ ба феҳристи номзадҳои интихоботи Эрон шомил нашуданд
Ба гузориши хабаргузории давлатии “Меҳр”, Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ Президенти Эрон ва Алии Лориҷонӣ, собиқ раиси парлумон наметавонанд дар интихоботи Президенти Эрон ширкат кунанд.
Тибқи маълумоти манбаъ, афроде чун Аҳмадинажод ва Лориҷонӣ натавонистаанд аз имтиҳони ҳаққи ширкат дар интихоботи президентӣ гузаранд.
Гуфта мешавад, ки номзадҳои зерин аз ҷониби Шӯрои нозирони Эрон — баландтарин маҷлиси парлумон, ки интихоботро назорат мекунад, тасдиқ нашудаанд.
Сухангӯи ин шӯро Ҳодӣ Таҳан-Назиф тавассути телевизиони давлатӣ эълон кардааст, ки санҷиши номзадҳо ба анҷом расидааст.
“Тасним”- оҷонсии дигари Эрон номи шаш сиёсатмадорро номбар кардааст, ки онҳо метавонанд соҳиби курсии президентӣ шаванд:
-Мустафо Пурмуҳаммадӣ, собиқ сардори Вазорати корҳои дохилӣ;
-Саид Ҷалилӣ, намояндаи пешвои олии Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллӣ;
-Муҳаммад Боқир Қалибоф, раиси ҳозираи парлумон;
-Алиризо Законӣ, раиси шаҳри Теҳрон;
-Масъуд Пизишкиён, собиқ вазири тандурустӣ;
-Амир Ҳусейн Қозизода, сардори Бунёди шаҳидон ва собиқадорон.
Ёдовар мешавем, ки 28 июни соли равон дар Эрон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад. Яке аз ин номзадҳо баъд аз марги Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар суқути ҳавопаймо интихоб хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ